Ҳавои фурӯдин дар гулистон майхона ме созад

Сабу аз ғунча май резади зи гул паймона ме созад

Муҳаббат чун тамом уфтад рақобат аз миёни хезад

Ба тўФи шуълае парвона бо парвона ме созад

Ба сози зиндагии сӯзӣ ба сӯзи зиндагӣ созӣ

Чаҳ бедурдона май сӯзад чаҳ бетобона ме созад

Таниш аз сояи боли тзрўӣ ларза ме гирад

Чу шоҳини зодаи андари қафас бо дона ме созад

Бигӯ иқболро эй боғбони рахт аз чамани бандад

Ки ин ҷодӯи навои моро зи гул бегона ме созад