Ба шохи зиндагии мо наме зи ташна лабӣ аст

Талоши чашмаи ҳайвони далел кам талабӣ аст

Ҳадиси дил ба ки гӯям чаҳ роҳ бар гирам

Ки оҳ беасарасту нигоҳ беадабӣ аст

Ғазал ба замзама хон пардаи пасттар гардон

Ҳануз нола мурғон навой зер лабӣ аст

Матоъи қофилаи мо ҳиҷозёни бурданд

Вале забони нгшоӣӣ ки ёри мо арабӣ аст

Ниҳоли тарки зи барқи фаранг бор оварад

Зуҳӯри Мустафавиро баҳона бўлҳбӣ аст

Мснҷи маънии ман дар айёри ҳинду аҷам

Ки асли ин гуҳар аз гиряҳои ним шабӣ аст

Биё ки ман зи хами пер рӯм оварадам

Май сухан ки ҷавонтар зи бода ънбӣ аст