Субҳдам кин мурғи гиҳони ошён
Бол бигушоед фарози кӯҳсор
Панҷау минқори нўроФшон ӯ
Пардаи шабро намояди тору мор
Дар чамани парвонаи ошиқи маниш
Он гули ҷони дори хуши нақш ва нигор
Аз ғилоф перҳан ояд бурун
Перҳан бар тани дард аз ишқи ёр
Бар пурди зини гул ба он гули шодмон
Бӯсади инро ғабғаб ва онро изор
* * * * *
* * * * *
Ҳамчунон он тифлаки ширини забон
Дар латофати омада чун гул ба бор
Солиму сурху сифеду чоқу гирд
Бо ду чашм чун ситораи нўрбор
Ҳамчуи гавҳар каз садаф ояд бурун
Ояд аз шодичаҳи беруни шодхўор
Бингарад бар гулбунони хонагӣ
Бол бигушоед ҳамеи парвонаи вор
Дасти модари бӯсад ва рӯй падар
Ин дар оғӯшаш кашад он дар канор