Чунин мегуфт шогирдӣ ба мактаб
Ки ин мактаб чаҳ торикаст ёрб
Набошад ҷузи ҳамон торики девор
Ҳамон лавҳи сиёҳи тирау тор
Ҳамон дарс ва ҳамон баҳси мубин
Ҳамон таклиф ва он ҷои муайян
Ҳамеша ин китоб ва ин қлмдон
Ҳамин дафтар ки дар пешасту девон
Нишоед хонд инро зиндагонӣ
Касолат бошад ин на шодмонӣ
Муаллим дар ҷавобаши ин чунин гуфт
Ки бошад ҳоли ту бо ҳоли ман ҷуфт
Ҳамин минбари маро ҳамвора дар зер
Кунам ҳар субҳдами ин дарси ткрир
Набошад ҷузи ҳамон қил ва ҳамон қол
Ҳамон таълими сарфу наҳви атфол
Чаҳ атфолӣ ки бо ин ҷумлаи тадрис
намедонанд ҷузи тазвиру талбис
Чунон танбал ба вақти дарси хондан
Ки ҳам худро Касали созанд ва ҳам ман
Ба шогирду муаллими бор бисёр
Ба гардан ҳаст ва бояд баради ночор