Ҳамд бар кирдигори яктои бод
Ки марои шавқи дарс хондан дод
Ошно кард чашми ман ба китоб
Дода тавфиқи хайрам аз ҳар боб
Дар сари ман ҳавои дарси ниҳод
Дар дили ман муҳаббати устод
Падарамро ато намӯд ҳаёт
То кунад сарфи кори ман авқот
Модарамро тноўрӣ бахшед
Меҳри фарзанд парварӣ бахшед
Ҳар ду мақдӯри худ ба кори оранд
То маро дарс хон ба бори оранд
Ишқ бошад ба дарсу машқи маро
Набӯд ҷуз ба ин ду ишқи маро
Дарсу машқам чу нотамом буд
Бозӣ аз баҳри ман ҳаром буд
Дар сари корҳои бе масраф
Накунам ҳеҷ вақти хеш , талаф