Иди наврӯзу аввал сол аст

Рӯзи айши нишот атфол аст

Ҳамаи он рӯзи рахт нав пӯшанд

Чойу шарбат ба хуш дилӣ нӯшанд

Писари хуби рӯзи иди андар

Равад аввал ба хизмати модар

Даст бар гарданаш кунад чун тавқ

Сар ва дасташ бабўсад аз сари шавқ

Гуяд ин иди ту мубораки бод

Сад чунин сол нав бибинӣ шод

Баъд ояд ба дасти бӯси падар

Бӯса бахшад падар ба рӯй писар

Писари бад чу рӯз ид шавад

Аз ҳамаи чиз ноумед шавад

На падар дӯст дорадаш на амӯ

На кас идӣ биоварад бар ӯ

Идии он рӯзи ҳақи он писар аст

Ки наҷибу шариф ва боҳунар аст