Ҳоҷёни рахт чу аз Макка баранд

Муддатӣ дар ақаб сар нигаранд

То ба ҷое ки ҳарам дар назар аст

Чашми ҳуҷҷоҷ ба дунбол сар аст

Ман ҳам аз кӯии тугар бастами бор

Боз бо кӯй ту дорам сару кор

Чашми дили сӯй ту дорам шабу рӯз

Чашм бар кӯй ту дорам шабу рӯз

Ту санами қиблаи омоли манӣ

Чун кунам сарфи назар ? моли манӣ

Рӯй рухшандаи ту қиблаи мост

Мардуми дидаи мо қибла намост