Бифармуд то нома кардаш дабир

Дабирии нависандае ёдгир

Ки брхўондми ин нома ӣ ту дуруст

Дурустӣ намӯд ончӣ гуфтӣ нахуст

Ту он мардумонро нигаҳдор бош

зи дастони душман нигаҳдор бош

Сипоҳӣ ки бо ту биёмад зи роҳ

Сазад гар фиристӣ бад-ӣни боргоҳ

Ки бо ин сипаҳ коидр омад фароз

Ба пигор меҳроҷ гирданд боз

Ҳамон ҳӯшёрони дониши параст

Гасӣ кун ба хӯбии сӯй мо фирист

Ба назд дабирону гардони ҳамон

Яке нома фармуд бар тарҷумон

Ки яксар ба даргоҳ гардид боз

Аз он пас ки дидед ранҷи дароз

Ки подоши ранҷи шумо бар ман аст

Ки хусрави сару лашкарӣ чун тан аст

Чу нома ба назд бузургон расед

зи шодии гул аз рӯишон бушковед