з лашкар гузин кард шашсад ҳазор

Далерони ҷангӣу мардони кор

Бубахшед як солаи рӯзии зи ганҷ

Бар он саракашону саворони ранҷ

Сари соли лашкар чу гирди сиёҳ

Шитобон ҳаме рафт то пеши шоҳ

Ба дарё гузар кард ва бар хушк шуд

Баҳор омаду хок чун машк шуд

Насими гулу беди ту бори дашт

Якояки зи гардуни ҳамеи бргзшт

Ба ъҷлскс омад ҷаҳонҷӯии шоҳ

На огоҳ аз ӯ шаҳриёру сипоҳ

Ҳавои яксараи гирд лашкар гирифт

Дару дашт ӯ ранг дигар гирифт

Чу се рӯза раҳ монад то шаҳри ӯй

Аз он огаҳии ғам шудаи баҳри ӯй

Аз он огаҳии ногаҳон хира шуд

Ҳамеи равшании пеш ӯ тира шуд

Сипоҳӣ ки наздиктар , боз хонд

Ба шаҳр андар оварад ва берун намонад

Ҳисорӣ шуд ва кард шаҳри устувор

Ба мардони ҷўшнўри номдор

з кӯшу сипоҳаш на огоҳ буд

Ки гетии пар аз шӯри бадхоҳ буд

Надонист ҳаргиз ки чандон сипоҳ

Тавонад кашид он яли рзмхўоаҳ

Битарсед ва бар кас накард ӯ падед

Чнончўни зи мардӣу дониши сзид

Чунин гуфт бо номдорони ҷанг

Ки моро кунун аз паии ному нанг

Шумо аз паии ҷону фарзанду чиз

Ҳамон дӯда ӣ хешу пайванд низ

Бакӯшеду мардӣ биҷой оваред

Бидон рои дил раҳнамоӣ оваред

Бакӯшед , бояд ба мардону ганҷ

Магари боздорӣам аз ин марзи ранҷ

Чу кӯш он сари бурҷ ва бора бидид

Ҳамон бора аз санг икпораҳ дид

Равони гирди он шаҳри дарёии жарф

Аз оҳан дарӣ барниҳода шигарф

Бифармуд то баркашиданд ғиў

Далерони кину саворони ню

Баборед бар бораи тири хаданг

Ҳаме кард як моҳи пайвастаи ҷанг

Басӣ кушта омад з ҳар ду гуруҳ

Шуд аз разм кӯш диловари сутӯҳ

Кушодан надонист ва хира бимонад

Фаровон ба мағзи андар андеша ронад

Аз он пас бифармуд то лашкараш

Бтороҷ кард он ҳамаи кишвараш

Ҳамаи марзро оташ андар заданд

Чунон буми хуррам баҳам барзаданд

Пароганда карданд мардонишон

Ки вайрон шуд орому айвонашон

Намонад андари он кишвари ободи ҷой

Магари шаҳру айвони кишвари худоӣ

з беша биоварад чандон дарахт

Ки бар лашкарӣ танг шуд ҷои сахт

Ба ҳар ҷои аррода бар пой кард

Сипаҳро ба зери андарун ҷой кард

Яке рӯз ҷавшан бапушед кӯш

Баромади зи гардони лашкари хурӯш

Камари басти ҳаркаси барони разми чуст

Саворони ҳама саф кашиданд дуруст

Бинбошти роҳаш ба хок ва ба санг

Баборед бар бораи тири хаданг

Ҳамон санги арродау манҷаниқ

Сар андар кашид усқуфу ҷослиқ

Чу ҳомӯни огндаҳи сад гази фузун

Далерӣ намуданд гардон ба хӯн

Баромади шаби тира аз теғи кӯҳ

Ҳаме разм кард он диловари гуруҳ

Чу шаб тира шуд кӯш ҳам барнагашт

Нахуфт аз бар канда дар паҳни дашт

Далерони ҳама канда анбоштанд

Ҳамаи роҳҳоро нигаҳдоштанд

Чу бикшод гардуни гардони ниқоб

Замин кард рахшони рухи офтоб

Табари хосту бел ва сипарҳои ҷуфт

Гузар кард бар канда ва пеш рафт

Чу солор бар пеш бора нишаст

Гирифтанд гардони кулангӣ ба даст

зи бора баридан гирифтанд санг

Ялону далерони пӯлоди чанг

Ҳаме ҳарчӣ бикшод барзади сутун

Шуд он сангҳо бартар аз бесутун

Взони пас ба чӯби оташ андар заданд

Ҳамаи бора яксар баҳам бар заданд

Фурӯд омад он кӯҳи сангини зи пой

Бипардохт ҳаркас ки он дид ҷой

зи болои сипоҳ андар омад нигун

Ҳамеи зери бора шудаи хоку хӯн

Сипоҳи ҳисорӣ гурезон шуданд

Чу аз бора ӣ шаҳр резон шуданд

Сипаҳро ба шаҳр андар афганд кӯш

Баромади з ҳар кӯии бонгу хурӯш

Далерон ба шамшери бурданди даст

Ҳамаи кӯй ва бозор карданд паст

Бишуд кӯш то пеши айвони шоҳ

з тороҷ барбаст дасти сипоҳ

Ҳамаш ганҷи бардошт ва ҳам тоҷу тахт

Гирифтор шуд шоҳи шӯридаи бахт

Ба ханҷар майонаш ба ду ним кард

Дили тоҷдорони пар аз бим кард

Занони шабистонашро кард банд

Ҳама бо дили хастау мустаманд

Вази он пас баланди оташӣ бар фурухт

Ҳамаи кӯйу бозор ва барзан бсухт

Намонад андари он бум ва бар марду зан

На шоҳ ва на солор ва на ройзан