Взон пас бидон роҳ дониш намӯд

зи дониши дилаш равшаноӣ фузуд

Ба даҳ сол хонд биёмухташ

Равон аз нбштн барафрӯхташ

Пизишкӣу рози сипеҳри баланд

Бидонаст яксар ки чунаст ва чанд

зи найрангу тилисм , вази афсун дигар

Биёмухт ва шуд зини ҳамаи баҳраи вар

Намӯдаш ҳамаи роҳи яздони пок

Дилаш кард аз оташи пар аз тарсу бок

Ба фарзона гуфт эй сарафрози мард

Марои донишу меҳри ту зинда кард

Ҳамоно набӯд он ки дидам шикор

Сурӯш омад аз парда ӣ кирдигор

Маро андар оварад бо тирагӣ

Кунад даврам аз дили ҳамон хирагӣ

Кунун то нёмўзм аз ту тамом

Аз эдар нахоҳам гирифтани хиром

Ҳаме буд аз он сони чиҳил сол ва панҷ

Фаровон кашид андари он кори ранҷ

Чу бар ваии ниҳони ҳеҷ дониш намонад

Ҷаҳондидаи фарзона ӯро бихонад