То ҳаст назар бидон ҷамолам
Як лаҳза нарафт аз хаёлам
Дар шавқи ду рӯй чун гули ту
То чанд чу булбулӣ бинолам
Дар ҳасрати тоқи абрӯонаш
Пайвастаи зи ҳиҷр чун ҳилолам
То чанд кашӣ ба доғи ҳиҷрам
Маҳрӯм чаро ман аз висолам
Раҳми ори бад-ӣни шикастаи хотир
Каз дасти хаёл чун хаёлам
Аз лутфи ту длбро чаҳ бошад
Гар зуд кунӣ назар ба ҳолам
Бозоӣ ки дар фироқи рӯят
Бигирифт зи ҷони худ малолам
Аз шухии он ду чашму абрӯ
Ҳар чанд асири зулфу холам
Сарви қади дӯст бас баландаст
Дастӣ нарасад бидон ниҳолам