Гуфтам ки як шабии сӯии ҷонон гузар кунам

Дуздида дар ҷамоли рух ӯ назар кунам

Дилбар агарчӣ аз ман бечора ғофиласт

ӯро зи ҳоли зори дили худ хабар кунам

Бошад ки пои бӯс занам уфтад иттифоқ

ё дар хаёлаши дасти умедӣ камар кунам

Ҳар шаб ба лавҳи хотири маҷрӯҳи хештан

Нақши хаёли дӯст ба хӯн ҷигар кунам

Ҳар бомдоди тарк ғамат мекунад дилам

Ҳар шаби зи дасти ишқи ту фикрӣ дигар кунам

Обами гузашт аз сар ва дар оташаши нишонд

Бодам ба дасту хоки раҳ ӯ ба сар кунам

Чун бо маниш ба ҳеҷ назар илтифот нест

эй дили биё ки аз сари кӯяш сафар кунам

Дил медиҳад ҷавоб ки эй бехирад хамӯш

Ҳайҳот аз ин хаёл , ки аз сар бадар кунам

Ҷону ҷаҳон чу бар сари кораш ниҳода ам

Чун аз балои рух ӯ ҳазар кунам