То ба кӣ дарди ғамат пинҳон кунам
Хонаи дилро чунин вайрон кунам
Чун табиби дарди мое пешами ой
То зи васлати дардро дармон кунам
Дар сари кӯии фироқат то бкӣ
Хештанро бесар ва сомон кунам
Охир аз лутфат ба фарёдам барис
Чанд дар кӯии ғамат афғон кунам
Чанд охир дар фироқ рӯй ту
Дидаҳои бахтро гирён кунам
Гар бифармое ки ҷон хоҳам зи ту
Ончӣ фармое ба ҷони ман он кунам
Гар қабулат ҳаст ҷонӣ аз ҷаҳон
Ман ба ид рӯй ту қурбон кунам