Биё ки бе рухи хубати назар ба кас накунам

Ба ғайри кӯии ту ҷое дигар ҳавас накунам

Маро сиррӣаст ба даргоҳи ту ниҳода ба хок

Ки илтиҷои биҷуз аз ту ба ҳеҷ кас накунам

Ба рӯзи васл ба пои ту гар расад дастам

Гарм ба теғи занӣ рӯй боз пас накунам

Бигӯ ҳаволаи ман то ба кӣ ба сабр кунӣ

Ба ҷони дӯст ки ман ғайри як нафас накунам

Сабо бигӯӣ ба гул аз забони булбули маст

Ки ман таҳаммули азин беш дар қафас накунам

Дило маро ба ҷаҳон то ки ҷон буд дар тан

зи ишқ сайр нигарадам зи айш бас накунам

Ҳавои каъбаи мақсӯд дар димоғ манаст

Ба роҳи бодияи ман гӯш бар ҷарас накунам

Дилам чу баҳр ҷаҳонаст агар рақиби хасисат

Яқин бидон ки зи олами назар ба хас накунам