Дигари ҳавои ишқи ту дар сар гирифта ем

Ишқи рух чу моҳи ту аз сар гирифта ем

Бар ёди он ду чашму лаби лаъли дилкашат

Аз бодаи хаёли ту соғар гирифта ем

Доими хаёли қад чу сарви равони ту

Аз сар бурун накарда ва дар баргирифта ем

Дар зулмати фироқи ту гуми гашти дили зи ман

Вази буии ҷаъди зулфи ту раҳ баргирифта ем

Симоб чун гуҳари зи ду чашмам чакад вале

Рухро ба рӯзи ҳиҷри ту дар зар гирифта ем

То пой тоқатаст давон дар талаб шавем

То даст ҳаст домани дилбар гирифта ем

Ҷон аз барои дидани ҷонон хушаст ва мо

Бе васли ту дил аз ду ҷаҳон баргирифта ем

Аз чашмаи зулол висолат нахурда ҷом

Бо оташи фироқи ту хуш даргирифта ем