Дар дард бамурдем ва ба дармон нараседем

Аз сар бигузаштем ва ба сомон нараседем

Ҷон карда фидойӣам ба роҳи ғами ишқаш

Дили барад ба дастон ва ба ҷонон нараседем

Дар зулмати ҳиҷрон ба лаб омад дили тангам

Фарёд ки дар шамъ шабистон нараседем

Дидеми ҷаҳонроу бгштими саропоӣ

Дар сояи ?ут эй сарв хиромон нараседем

Гул рафт дариғо ки накардем гули афшон

Дар вақти гули сурх ба бустон нараседем

Аз гулшани васли рахт эй дидаи насибам

Хораст аз он рӯ ба гулистон нараседем

Хораст ба ҷои гул ва зоғаст қаринаш

Булбули з чаман рафт ва ба дастон нараседем

Фарёдрасами пештар аз онкӣ дариғо

Гӯйӣ ки ба фарёд заъифон нараседем