Гуфтам ба дил ки эй дили доне ки дар чаҳ корем
Чун зулфи хуби рӯйон ошуфта рӯзгорем
На ёр дар бар мо на дил ба даст дорем
Бо хӯни дидау дили рӯзӣ ҳаме гузорем
Як дами назар ба ҳолам аз лутф хештан кун
эй нур ҳар ду дида каз ишқ зор зорем
Раҳмӣ ба дил надорӣ донам туро ба ҷоем
Бошад туро басии каси мо ҷузи ту кас надорем
Пурсӣ ту ҳоли зорами ҷоно нагуфтанам ба
Каз орзӯии рӯяти маҷрӯҳ ва дил фигорем
Шавқи рухи ту ҷонои гуфто ки дар чаҳ корӣ
Ҷузи тухми меҳр рӯят гуфтам ба ҷон чаҳ корем
эй дили ҷаҳону ҷонро дар кор ишқ кардӣ
Сабрӣ бикун худоро то даст аз ӯ бидорем