Бо сарви қади ту ишқ бозем

Ёрб бирасад ки мо набозем

Гар ҳукм кунӣ ба ҷонам эй ҷон

Ҷонро чаҳ маҳал ки сар бибозем

Аз шавқи лабат чу оби ҳайвон

Чун нуқра ба бутаи дргдозим

Моро зи ғам ту нест орӣ

Бо ишқи рух ту сарфарозем

Дар шиддати ҳиҷр ҷон бидодем

Мо чора ӣ васл чун бисозем

Дил ҳамчу кабӯтараст мискин

Маҷрӯҳи зи чанги шоҳбозим

Сабр аз дили мо бабради ишқат

Бо ҳиҷри ту беш аз ин насозем