Дарди дили хеш бо ки гӯям

Дармони дили худ аз ки ҷӯям

Бе рӯй ту аўФтону хезон

Саргашта ӣ зулфи ту чу гӯям

Ҷонам ба лаб омад аз фироқат

Дар ҷустани васл чанд пўим

Бар ҳол дилам диҳад гувоҳӣ

Хуноби ду чашм ва ранг рӯем

Дар шавқи миёни ҳамчуи мӯят

Аз ғуссаи гудохта чу мӯем

Аз хоки вуҷӯди ношикеб

Гар кӯза гарӣ кунад сабуем

Бар шодии дӯсту рағми душман

Ман тарки висол ту нагӯям

То чанд таҳаммули фироқат

Охир на зи оҳан ва на рӯем

эй нури ду дидаи чеҳра аз ғам

То чанд ба об дида шавем

Гар ёри зи ишқи хеши сад доғ

Бар ҷону дилам наад чаҳ гӯям

Аз ҷумлаи мухлисон чаҳ бошад

Ман банда ӣ бандагон ӯем

Ғайр аз ту касе дигар надорам

эй аз ду ҷаҳон ту орзӯем