Баси рӯз ба ишқ ту буридем биёбон
Баси шаб ба ғами ҳиҷр ту барадем ба поён
Ту Подшаҳи куну маконе ба ҳақиқат
Охир назарӣ кун ба дили танги гадоён
эй дил нишнидӣ ту ки дар аҳди ғам ӯ
Раҳмат набӯд дар дил бемеҳру вафоён
эй дил ба нисори қадами он бути маҳваш
Моро набӯд ҳеҷ биҷузи дидаи гирён
Ҷон дар ғам ӯ сӯхту ҷаҳон дар ғам ӯ шуд
Бошад ки кунад як назарӣ бар дили бирён
Дар дарди фироқи рахт эй мояи рӯҳам
Хӯн меравад аз дидаи ғами дида чу борон
Чун ҷону ҷаҳон дар сари кори ғам ӯ шуд
Бар хӯни ман хаста чаро гашти шитобон