Нигоро бар ман мискин назар кун

зи оби чашми мазлӯмон ҳазар кун

Ало эй боди субҳ ар май туоне

Нигорамро зи ҳоли мо хабар кун

Бигӯ эй сарви нози бӯстонӣ

зи лутфати як замон бар мо гузар кун

Дило дар доми ишқ ӯ асирӣ

Муродат бар намеояд сафар кун

Сафар кардани давоӣ дард ишқаст

Бирав ё ишқ ӯ аз сар бадар кун

Синони ғамзааш хўнризтри гашт

Туоне ҷону дили пешаш сипар кун

Ғами ҳиҷронаш чун устод ишқаст

Биёи дили қиссаи ишқаши з бар кун

Ту то кӣ дар ҷаҳони саргаштаи гардӣ

Бирав дастӣ дар он ор ва камар кун

зи савдои зуд дар зулфаши дроўиз

Шиканҷи туррааш зер ва зибр кун