Дамӣ дар кӯии даравишон гузар кун
Ба ҳоли зори мискинон назар кун
Агарчӣ сарви нозӣ бар лаби ҷӯй
Дамии ноз эй писар аз сар ба дар кун
Дило дар пеши он абрӯу ғамза
Дилу ҷони ҷаҳониро сипар кун
Шабӣ дар кулбаи аҳзон гар ояд
Нисор аз дидагон бар вай гуҳар кун
Вагар гавҳар ба чашмаш дар наомад
зи дидаи сими бору рух чу зар кун
Вагар дастат нагирад дар шаби васл
Бирав дар кӯии ҳиҷронаш сафар кун
Вагар баргирад аз ту дили длором
Ҳавои кӯии дилдорӣ дигар кун
Ҷавобам дод дили гуфто ки ҷоно
Бирав дарси вафоӣ ӯ з бар кун