Ин хароби ободи дил маъмур кун

Мотами ҳиҷрон ба васлат сур кун

Ҷуръае лаълаш банушу масти шӯ

Ҳамчуи наргиси чашми худ махмур кун

Пушт кун бар гуфту гӯии муддаӣ

Рӯй бар рӯй бут манзур кун

Сӯрати ихлоси ман пӯшида нест

Чашми бад ёрб зи ҳасанаш давр кун

Ҳамчуи лола дил бисӯз ва рӯй дил

Чун гули зард аз ғамаш ранҷур кун

эй азизи ман ки гуфтат банда ро

Доимо аз васли худ маҳҷӯр кун

Гар ба дорат мезанад зон дам мазан

Чашми дил бар ҳолат Мансур кун