Ҷонам ба лаб расед зи ҷавру ҷафои ту

То кӣ кашами маломати ҳаркас барои ту

Чндонкаҳ май кашами зи ҷафои ту ҷаврҳо

Аз дил ба дар намеравад эй ҷони вафои ту

Ҷоно ба хӯни ҷони миннатгар ризо буд

Ҷонро чаҳ вақъи сети мақдами ризои ту

Гуфтам ба дил ки эй дили бечора чора чист

Болои ҳамчуи сарв равон шуд балои ту

То кӣ кашами маломат ва то кӣ барам ъно

Кардам ҷаҳону ҷон ба сари моҷарои ту

Дил рафт аз бар ману ҷон низ дар хатар

Вонгаҳ бигӯ ки медиҳадам хунбҳоии ту

Бегона шуд зи ҷону ҷаҳон эй санам чаро

Ҳаркас ки шуд зи ҷумлаи ҷаҳони ошнои ту

Охир ту кистӣ ва ман зарра чистам

Ту подшоҳ ҳар ду ҷаҳони ман гадои ту