эй сабои қисса ӣ дардам бар дилдор бигӯ

Ҳоли ин хастаи ҳиҷрон бар он ёр бигӯ

Сӯзиши синаи маҷрӯҳи парешони маро

Биншин пешашу дарди дил аФгор бигӯ

Назарии сӯй ҷаҳон бификан ва некӯ бингар

Ҳолати мардумаки дида ӣ хўнбор бигӯ

Гар зи ҳоли ман саргаштаи ҳиҷрони пурсад

Гаштам эй дӯст ба кони дил ағёр бигӯ

Сарзаниш ёфта чун ҳалқа ӣ дар рӯзу шабам

Ки надорем ба хлўтгаҳи ту бор бигӯ

На саломӣ на паёмӣ нагузорӣ бар мо

Кард тарки ман дилдода ба якбор бигӯ

Ғам бисёр зи дасти шаб ҳиҷрон хӯрдам

Рас ба фарёди ман хаста ӣ ғмхўор бигӯ

Аз висолати дмкии хаста ӣ ҳиҷрон бинавоз

Ки шудам рӯзи зи ҳиҷрон чу шаб тор бигӯ

Аз гулистони висоли рахт эй ҷони ҷаҳон

Аз чаҳ рӯи қисмат мо нест биҷуз хор бигӯ