Аҷабаст азнигор мо аҷабаст
Меҳр аз он ёр бевафо аҷабаст
Гарчи ҳаст ӯ табиби муштоқон
Дарди моро даво аз ӯ аҷабаст
Гарчи муҳтоҷи рӯз васл шудам
Ҳоҷатам гар кунад раво аҷабаст
Он сеӣ сарв дар сробстон
Гар кунад майли сӯй мо аҷабаст
Гунаҳам чист ҷузи вафодорӣ
Бар дилами он ҳама ҷафо аҷабаст
Ман хатое накардаам борӣ
Назари дӯст бар хато аҷабаст
Инки бо мо намекунад ҳаргиз
Он бути санги дил сафо аҷабаст
Подшоҳи ҷаҳони зи хўдроиӣ
Гар кунад раҳм бар гадо аҷабаст
Гар зи хони висоли худ бӯе
Бифиристад ба бенаво аҷабаст