Бунафша чун сари зулф батон сари афканда
Ба пеши зулфи ту наргиси зи ҷон шудаи банда
Ниёзманди висоли тавъам маро бинавоз
Ки нест бандаи мискин ба ҳиҷрати арзанда
Ба ҷони ту ки азин бештар ба дарди фироқ
Дилам макун чу сари зулфи худ пароканда
Гарм шабӣ бинавозӣ ба васли ҷон парвар
Лаб ҷаҳон кунам аз васли дӯсти пари ханда
Висоли ид ва шаб шодӣасту фасли баҳор
Ба рӯзгори ҳумоюну бахти фархунда
Дуои ҷон ту гӯям зи ҷон ки бар ду ҷаҳон
Мудоми сояи лутфи ту боди поянда
Ҳронкаҳ ҳаст турои дӯст дар ҷаҳони хуррам
Ҳасуди ҷоҳи туро ҳар ду дида барканда