Гирифт аз рашки рӯяти моҳи тобӣ

Ки чун рӯят набошад моҳтобӣ

Ба зулмоти шаби ҳиҷрони асирам

Магар рӯзӣ барояд офтобӣ

Дар ин оташ ки ман будам зи ҳиҷрон

Назд бар рӯй ман ҷузи дидаи обӣ

Ба умеди хаёл рӯй хубат

Ба ҷони ту ки муштоқам ба хобӣ

Дилам бар оташ ҳиҷрат кабобаст

зи васлати шукрии даҳ ё кабобӣ

Надорам чорае бо чашми масташ

зи ишқаш май кашам ҳар дами азобӣ