Зон лаъл лабам бидиҳ закотӣ
То дар тан мо кунӣ ҳаётӣ
Чун шукри он лабами надодӣ
эй ҷону ҷаҳон кам аз закотӣ
Аз дӯсти ҷузи ин қадар нахоҳам
Кандар қадамаш буд саботӣ
Бар хат лабам диҳад ба ҳар сол
Он нури ду дидагони баротӣ
Дар сияҳии дидаи гӯи қалами зан
Гар зонкаҳи наёбад ӯ дўотӣ
Ман ташнаи он лаб чу қандам
Судам накунад лаби Фуротӣ
Дар арсаи ишқат эй ҷаҳонгир
Шоҳи дил ман шудаст мотӣ