эй дили зи шароби ишқи мастӣ

Дар зулфнигор пои бастӣ

То чанд назари зи давр кардан

Безор шудам зи бути парастӣ

эй ҷону ҷаҳони ту хотири мо

Бисёр ба хори ҷаври хстӣ

Доне ки чу зулфи аҳди ёрон

Бишикастӣу зуди бози рстӣ

Бо муддаӣони бади саранҷом

Бар рағми ман эй писар нишастӣ

Ранҷури ғами фироқи гаштам

То дарди маро даво фиристӣ

Бандяш ки дар ҷаҳон чаҳ хоҳад

Ранҷур ба ғайри тандурустӣ

Фарёду фиғон ки нест мо ро

Бо ишқи рухи ту ном ҳастӣ