Дардо ки нест рӯзи ғаматро ниҳоятӣ

То кӣ набошадат сӯии ёрони аноятӣ

То чанд бар дили ман мискин ситам кунӣ

Бошад ҷафоу ҷаври туро низ ғоятӣ

Гуфтӣ вафо кунам накунӣ гуфтамат ба аҳд

Оре буд вафои ту ҷонои ҳикоятӣ

Чунаст ман ба васли ту муштоқ ва ту малул

Аз дил ба дил намекунад охири сироятӣ