Сеӣ срўо чаро бо мо насозӣ
Ба хӯн мо бигӯ то чанд бозӣ
Ниёз ошиқон бишинав худо ро
Ки бозӣ нест кори ишқи бозӣ
Бинозам пеши қадат эй длором
Агарчӣ аз чу ман сад бе ниёзӣ
Туро зебад ба боғ эй сарви озод
Агар даъвӣ кунӣ дар сарфарозӣ
Ту андари бутаи ҳиҷрон ба зорӣ
Бигӯ қалби маро то кӣ гудозӣ
Ҳавои кӯии ишқат бас баландаст
з гунҷишкӣ наёяд шоҳбозӣ
Шудам бечора дар ҳиҷрон чаҳ бошад
Ба васл ар чора корам бисозӣ
Табиби мо зи лутф бе дареғат
Чаро дарди маро дармон насозӣ
Ба миҳроби ду абрӯят ки дорем
зи дидаи ҷомаи ҷонро намозӣ
Ҳақиқат шуд ҷаҳонро дарди ишқат
На чун булбул ба гули ишқи маҷозӣ