То кӣ зи сари зулфи ту моро нанавозӣ

Дар бутаи ишқам чу зару сими гудозӣ

эй бод бирав ҳоли дили хастаи ҳиҷрон

Бар дӯст бидиҳ арза ки ту муҳаррами розӣ

Розӣаст дарин дил ки ту доне ба ҳақиқат

Каз банда ниёзасту зи ту бандаи навозӣ

Маҷрӯҳ шудам дили зи ҷафоу ситами чарх

Охири ту чаро марҳами ин риш насозӣ

Сарв ар чаҳ буд рост чу чӯбӣ баданаст ӯ

Ташбеҳ ба қадат натавон кард ба бозӣ

Бо сарв дилам гуфт ки дидӣ қад ӯ ро

Дар малики ҷаҳон гарчи ту дар кӯии маҷозӣ