Ту худ ба ҳоли парешони мо назар накунӣ
Ба кунҷи кулбаи аҳзони мо гузар накунӣ
Биё ки аз ғами ҳиҷрат ба ҷон расед дилам
Ба шарти онкии зи пешам дигар сафар накунӣ
Ба лутфи бандаи навози ту чашм он дорам
Ки гӯш бо сухани муддаӣ дигар накунӣ
Дило ту то сари моро ба бод бар надиҳӣ
Ҳавои зулфи сиёҳаши зи сар ба дар накунӣ
Муяссарат нашавад васли дӯст то ҷон ро
Ба пеши новаки мижгон ӯ сипар накунӣ
Чу хусрав аз лаби ширини дӯст дар тобӣ
Худ илтифоти дигарбора бо шукр накунӣ
Аё насими сабои ёр бе вафои маро
зи ҳолу кори парешони мо хабар накунӣ
зи чашми масти ту сад фитна дар ҷаҳон афтод
Чаро ба ҳоли хароби ҷаҳон назар накунӣ