з рӯй лутф кун дар ман нигоҳӣ

Ки то гирдами зи ҷонати никхўоҳӣ

Чу ҳалқа бар дарат саргаштаи зи онам

Ки дар хон висолам нест роҳӣ

Висолат аз худо хоҳам ба зорӣ

Нахоҳам ғайр аз ин молӣу ҷоҳӣ

Дили мискини саргардони мо ро

Набошад ҷузи сари зулфати паноҳӣ

Ба ҷони ту ки дар меҳрат накардам

Ба ғайр аз ишқ варзидани гуноҳӣ

Гуноҳии ман агар кардам худо ро

Шуд акнӯн оби чашмами узрхоҳӣ

Нагӯяд дар ғамати ҷузи мардуми чашм

Надорам эй азизи ман гувоҳӣ

Гузорӣ гар кунӣ сӯем бибинӣ

зи меҳрати руста бар хоками гиёҳӣ

Шавад қалби ҷаҳон чун зари саросар

Агар лутфат кунад дар мо нигоҳӣ

Вагар лутфат набошад дастгирам

Ҷаҳон бар мо чу зиндонасту чоҳӣ

Рахшро чун кунам ташбеҳ бо моҳ

Ки як шаб бадар бошад ҳар ба моҳӣ

Чаҳ нисбати зулф ӯ бо машки тотор

Ки бошад дар ҷаҳон ӯро сиёҳӣ

зи оҳами рўмкши дарҳам ки бошад

Зарурати занги ойинаи зи оҳӣ