эй ба рӯй ту дидаи бози маро
Чорае аз висоли сози маро
Беш аз инам намонад тоқату сабр
Бим девонагӣаст бози маро
Бошад эй нури чашму роҳати ҷон
Бар рухи хуби ту ниёзи маро
Ҳамчуи қандам ба бута ӣ ҳиҷрон
Чанд дории ту дар гудози маро
Чун ки миҳроб абрӯяш дидам
Воҷиб омад дар ӯ намози маро
Аз сари кӯй дилбарон оварад
Ба яке шаклу шеваи бози маро
Бо ғами ишқати офарид аз азал
Магар эй дӯст бе ниёзи маро
Дар чаман дӯш гуфтам эй булбул
Гул аз он ту , сарви нози маро
Дар ҷаҳони худ дигар наме бояд
Бе висоли ту баргу сози маро