То ки дили моили он сарв равонаст маро

Хӯни дил дар ғамаш аз дида равонаст маро

Гарчи баргашт ва ҷафо кард ва ба ҳеҷам бФрўхт

Чаҳ тавон кард ки ӯ рӯҳ ва равонаст маро

Ҳамаро дӯстӣу меҳр ба дил ме бошад

Майл бо рӯй чу меҳри ту ба ҷонаст маро

Халқ гӯйанд чу булбул ба чаман нола макун

Чаҳ кунам чун ҳаваси лолаи рхонсти маро

Ба сарви ҷони ту савганд ки бории шабу рӯз

Ёди лаъли лаби ту вирд забонаст маро

Гарчи дили барадӣ ва онгаҳ ба ҷафо бишикастӣ

Меҳру пайванду вафо бо ту ҳамонаст маро

Нои умед аз карами дӯст наме шояд буд

Лутфи дилдори умед ду ҷаҳонаст маро