Бустону моҳтобу лаби об бас хушаст

Бар бонги булбулон , саҳарии хоб бас хушаст

Хӯни дилам чу чашми длороми пари зи ҷӯш

Аз лаъли дӯсти шарбати унноб бас хушаст

Дар тоб рафт зулфи ту аз оташи рахт

Вони зулфи длФриби ту партоб бас хушаст

Аз равшанӣ рӯй ту маҳтоб хӯн гирифт

Дар зулмати ду зулфи ту маҳтоб бас хушаст

Каҷ кардае камони ду абрӯ ба тоби ман

Пайвастаи абрувони ту дар тоб бас хушаст

Онро ки қибла рӯй чу хуршед ховараст

Тоқи ду абрӯонаш ба миҳроб бас хушаст

Лаъл ту гуфт коми ҷаҳон май даҳуми шабӣ

Гар гуяд ӯ сухани ҳам азин боб бас хушаст