Ҳар ки дилаш бо ғами мо ёр нест

Рост тавон гуфт ки ӯ ёр нест

Нест замонии дили мискини ман

Каз ту ба коми дил ағёр нест

Ҳар ки ба рӯй ту назар кард гуфт

Кин гули хушбӯии туро хор нест

Дида ба дил гуфт ҳақиқати шинав

Бар ту марои дида ӣ инкор нест

Ишқи Рахши бонг ба дил зад ки ҳай

Қолаби ту бобати он кор нест

Хайли ғами ишқи ҷаҳон бар ҷаҳон

Гирди мгрдши ту ки зинҳор нест

Сарви чамани саркаш ва хуш қоматаст

Лек варои шева ӣ рафтор нест

Гарчи мау меҳр ба рух равшананд

Меҳру мааши ханда ва гуфтор нест

Хаста дилам рафт ба бозори ишқ

Бонги баромад ки харидор нест

Дили зи ман хастаи бдздид ва рафт

Чун сари зулфи ту сияҳ кор нест

Аз саги кӯии ту басии камтарам

Зонкаҳи маро бар дар ту бор нест

Бор ҷаҳон ҳаст басӣ бар дилам

Аз ғами ту бештарам бор нест

Чун сари зулфи ту куҷо дил бимонад

Каз ғами ишқи ту нигунсор нест

Худ ба ҷаҳон кист ки бе васли ту

Хастау маҷрӯҳу дил аФгор нест