Дардманди ишқ ӯ гаштами маро тимор нест

Чун кунам чун он табибамро ғам бемор нест

Ҳоли дарди ман ба гӯшаш май расонади субҳдам

Лекин эй ҷону ҷаҳони гуфтор чун дидор нест

Гар қадами як дам кунӣ ранҷа ба сӯии мо ба лутф

Ранг рӯем худ бибинӣ ҳоҷат гуфтор нест

Каз фироқи ту чу бар ҷони ман мискин расед

Мушкилам инаст кандар ғами касам ғмхўор нест

Тоқати ҷавру ҷафо ва сарзаниш дорам басӣ

Тоқатам эй нури дида дар фироқ ёр нест

Гарчи бори олимӣ бар ҷон мо биниҳода анд

Ҳеҷ борӣ бар дилам чун дарди ишқ ёр нест

Як замони бозоӣу бозорми зи андӯҳи фироқ

Чу ба ғайри ту маро бо ҳечкас бозор нест

Чун ба гул чидан рӯй ҷонои манол аз ҷаври хор

эй азизи ман ту донеи ҳеҷ гул бехор нест

Кори моро эй санам дар по Маяфкан ҳамчуи зулф

Зонкаҳи моро дар ҷаҳони ҷузи дарди ишқат кор нест

Ман чу дар банди тавъам иқрор кардам бандагӣ

То бадоне каз пас иқрори ҳеҷ инкор нест

Ҳаст хубон дар ҷаҳон бисёр лекин ақл гуфт

Ҳеҷ шухии шангулӣ чун он бут айёр нест