Як бора ба тарки ғам ҷонон натавон гуфт
Ва ин мушкили ҳиҷрони ту осон натавон гуфт
Гуфтам ки ба наздики ту орми ғами даврӣ
Лекини сухани ғам бар ҷонон натавон гуфт
Дрдисти маро дар дилу имкон даво нест
Чун дард бидон моя ӣ дармон натавон гуфт
Ман мӯри заъифам , шудаи помоли фироқаш
Ҳоли дили мӯрӣ ба сулаймон натавон гуфт
Гуфтанд ба иди ғам ӯ тӯҳфа чаҳ дорӣ
Қурбони ғами дӯсти биҷуз ҷон натавон гуфт
Гӯйанд ки дар бохти фулонии сару сомон
Дар ишқи ҳадис аз сар ва сомон натавон гуфт
Шоҳӣаст дар ин шаҳр ва ҷаҳонӣаст гадояш
Аҳволи гадоӣ бар султон натавон гуфт