Бозами ғами фироқи ту дардӣ ба ҷони ниҳод

То кӣ тавон ғамӣ ба дили нотавони ниҳод

Ҳар чанд сарви қади ту аз мо канораи ҷуст

Дили бовафоу аҳди ту ҷон дар миёни ниҳод

Ганҷури ишқ рӯй ту ҷонаст ва дар дилам

Ганҷаст меҳр рӯй ту дар ваии ниҳони ниҳод

Сарви равони мо ба ту моили дилами зи ҷон

Зеро ҷаҳону ҷон ба сари ту равони ниҳод

Хӯни дилам ба ғамза ӣ фаттон дигар бирехт

Чашмаш бибин чаҳ қоидае дар ҷаҳони ниҳод

Қурбон шудан ба кеши ман хаста ба буд

Чун тири ғамзаи чашми ту андари камони ниҳод

Қавлат на маънӣӣ ки тавон басти дил бар ӯ

Аҳдат на сӯратӣ ки бар ӯ дили тавон ниҳод

Шуд баҳри хӯни ду чашмам ва ин мардумак дар ӯ

Ҳамчун ҳубоби хона бар оби равони ниҳод

Бигирифт домани шаби васли ту дасти дил

То лутф ҷон физой ту по дар миёни ниҳод

Дил дар ҳавои васли ту рӯҳу равони зи шавқ

Кард ӯ фидои роҳату миннат ба ҷони ниҳод