Табиби дарди диламро даво нахоҳад кард

Умеди мо зи лаби худ раво нахоҳад кард

Басии умед маро дод бар вафо чаҳ кунам

Аҷабгар он бути саркаш ҷафо нахоҳад кард

Чунин ки ман асари васл ӯ ҳамеи байнам

Ба қавли хеш ҳамоно вафо нахоҳад кард

Гирифт домани васлаш ба сад умеди дилам

Яқин ки дасти талаб зу раҳо нахоҳад кард

Агарчӣ ҳаст балои дили ман он боло

Дили заъиф ба тарк бало нахоҳад кард

Ба дарди ҳиҷри гирифторами он санами зин беш

Магар ба дарду ғамам мубтало нахоҳад кард

Маро чу ҷони ҷаҳон ва ҷаҳон ҷонаст ӯ

Яқин ки ҷони зи ҷаҳонӣ ҷудо нахоҳад кард