Дар дилам буд ки дилдор вафо хоҳад кард

Комам аз лаъли лаби хеш раво хоҳад кард

Бар дилами дарди басӣ буд зи айёми фироқ

Дарди моро магар аз лутф даво хоҳад кард

Кӣ гумони баради дили хастаи саргардонам

Ки бути саркаши мо боз ҷафо хоҳад кард

Чун касе нест ки пеш ту бигӯед ҳолам

Муҳаррами рози дилами бод сабо хоҳад кард

Рӯзи ҳиҷрони ту доне ки ман хастаи ҷигар

Ҷони ширини зи танами боз ҷудо хоҳад кард

Мурғи ҷони ман длхстаҳ ба ту муштоқаст

зи ҳавас бар сари кӯии ту ҳаво хоҳад кард

Подшоҳи ғами ишқаш чу чунин мағрураст

Назарӣ кӣ зи вафои сӯй гадо хоҳад кард

Бар ҷаҳонгар сад аз ин ҷаври намое чаҳ кунад

Ба сару ҷони ту ӯ ғайр дуо хоҳад кард ?

Қомататро чу бибинад ба чамани сарви равон

Ба ҳавои қад ту нашав ва намо хоҳад кард