Мискини дилам ба кӯии ғамат то гузор кард
Бисёр бо хаёли рахт корзор кард
То дида дид моҳи ҷамоли ту ҳар шабӣ
Аз дасти ҷаври ишқи ту дастам нигор кард
То бо гули рух ту гирифтаст инси дил
Баси нола дар фироқи рахт чун ҳазор кард
Ҳуру қусӯр бар дили мо арза карда анд
Аз он миёнаи кӯии туро ихтиёр кард
Аз шиддати фироқи ту эй нур дида ам
Дар дидаи байн ки рӯй ҷаҳони лола зор кард
Нагушӯд ҳеҷ кори ман аз интизори дӯст
Чун хоки роҳи дӯсти маро хоксор кард
Лоф аз вафоу аҳди ту бисёр май занам
Пеши рақиби бози маро шармсор кард