Ҷонои ғами ишқи ту фаромӯш тавон кард
Ғайр аз ғами ишқи ту дар оғӯш тавон кард
Гар ту сад аз ин ҷавр кунӣ бар ман мискин
эй ҷон ба ситами аҳди фаромӯш тавон кард
Гарчи суханам ёд нагирӣ ба ҳақиқат
Дарӣаст гиронмоя ки дар гӯш тавон кард
Ар заҳр ҳалоҳил диҳадам ишқ ба як дам
эй дӯст ба ёди лаби ту нӯш тавон кард
Имшаб агарам нест ба васли ту умедӣ
Бо ин ҳамаи ғами ёди шаби дӯш тавон кард
Гесуии ту аз қад ту бигузашт нигоро
Афъии чунинро ба сари оғӯш тавон кард