Қади ту сар кашад аз ҷумлаи сарви бустон ҳо

Рухи ту таъна занад бар гули гулистон ҳо

Кашид сари зи ман хастаи дил чу сарви равон

Бабради дили з барам он санам ба дастон ҳо

Сабӯҳ рӯй ту хуршеди олам орой аст

Рух чу моҳи ту шамъи ҳамаи шабистон ҳо

Ба рӯй чун гули худ субҳдам наме шинавӣ

Хурӯши булбулу бонги ҳазор дастон ҳо

Вазиди боди баҳории ҷаҳон мунаввар шуд

намекашад дилами ало ба сӯии бустон ҳо

Баҳору лолау гул чун дамид дар бустон

Ҷамоли талъати зебои ту шикасти он ҳо

Маро ки себи занхдони ту алоҷ диласт

Куҷо барам ба ҷаҳони ҷумлаи бори бустон ҳо