Дили ман дар талабкории васли ту ба ҷон омад
зи дасти ҷаврат эй дилбари ҷаҳонӣ дар фиғон омад
з ҷаврат гуфтам эй дили тарк меҳраш кун макаши хорӣ
Ҷавобам дод ва гуфт оре ба дилгар бар тавон омад
Чу чашми масти хӯни хораш хато кард аз ҷафо бар ман
Ишорат кард бар абрӯу дардам дар камон омад
Ҳар он тирӣ ки багушӯд ӯ зи шасту ғамзау абрӯ
Чу дидам ногуҳ аз ҳар сӯ ба ҷон нотавон омад
зи ёдат дар ҳама умрам нагаштам як замони холӣ
Замонӣ меҳрбонӣ кун ки аз ғами дил ба ҷон омад
Ҷаҳонро ҷузи ғам рӯят набошад дар ҷаҳони корӣ
Ту гӯйӣ аз барои меҳри рӯят дар ҷаҳон омад