Онон ки меҳр рӯй чу моҳи ту дида анд
Меҳрат ба ҷону дили з ҷаҳонӣ харида анд
Фрҳодўори ошиқ ва зоранд хусравон
То як ҳадис аз он лаб ширин шунида анд
Нили муҳаббати ту чу доне ки аз азал
эй нури дида бар рухи ҷон ҳо кашида анд
Аз мо ҷудо машав ки дили толибони дӯст
Ишқи рухи ту аз ҳамаи олам гузида анд
Аз роҳи мардумӣ ҳама оянд мардумон
Кандар ҳавоӣ рӯй ту эй нур дида анд
Андари ҳавои каъбаи васли ту ошиқон
Ҷон додаанду роҳи биёбон гузида анд
Онон ки рӯ ба қибла умед доштанд
Ҳам оқибат ба каъбаи васлаш расида анд
Бод сабо намӯд ки сарви чамани тамом
Аз шарми қоматат ба қиёмаш хамида анд
Онон ки оқилон ҷаҳонанд бе риё
Бар хоки остонат чу моҳӣ тапида анд