Чун маро ҳар ду ҷаҳон аз тавба комаст имшаб
Пои мурғи шаби васли ту ба домаст имшаб
Гар кунам сар ба фидои шаби васлат чаҳ шавад
Чун диламро сари зулф ту мақомаст имшаб
Гарчи он моҳи тамомами зи лабаши коми надод
Ҳар қадари лутф ки фармуд тамомаст имшаб
Хоб дар дида мо нест нигорои шаби васл
Ки маро бо рухи ту хоб ҳаромаст имшаб
Ба яке бӯсаи дили хаста ӣ моро бинавоз
Чун ту сармастӣу анъом ту омаст имшаб
Дорам аз давлати ту мутрибу соқӣу надим
Лаби ҷӯйу рух дилдор мудомаст имшаб
Длброи санги фироқат ба дилам боз мазан
Чун дили хаста ӣ меҳнат зада ҷомаст имшаб
Гуфтамаш муддат умрӣаст ки то сӯхта ам
Дар ғамат , гуфт ки андеша ӣ хомаст имшаб
Гуфтамаш то ба кӣ ин сабр ки талхам шуд ком
Коми дили даҳ ки маро навбат комаст имшаб